«Паёми саодатофарин»-асари тозанашр
Душанбе, 20.05.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Паёми саодатофарин»-чунин унвон дорад маҷмӯаи мақолоти устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Парлумони кишвар, ки ба тозагӣ аз тариқи нашриёти «Меъроҷ»-и маркази вилоят аз чоп баромад.
Дар китоби мазкур мақолаҳои устодон А. Бобокалонов «Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ-барномаи ҳадафҳои сиёсии хориҷии Тоҷикистон», Н. Дадобоева «Паёми фардосоз ва дурнамои пешрафтҳои навини кишвар», Нуралӣ Нурзод «Номаи саодатрақами миллат», М.Оқилова «Паём падидаи нек дар низоми навини давлатдории Тоҷикистон», Х.Сабуров «Ҳадафҳои маорифпарваронаи Паём», Ӯ.Умаралиева «Паём-ҳидоятгари зиндагии шоиста», Р. Усанов «Паёми Президент дастурамал барои тараққиёт», М. Юсуфов «Паёми раҳнамо ва дурнамо» ҷой дода шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки чанде қабл дар силсилаи китобҳои «Раҳнамои тарбият» китобе бо номи «Қонуни забон ва иҷрои он» ба нашр расида, ба устодону донишҷӯён ва тамоми алоқамандон дастрас гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






