Пешгирии нашъамандӣ дар байни донишҷӯён
Душанбе, 6.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — 5 майи соли ҷорӣ мутахассисони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”, Маркази репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон дар байни ҷавондухтарони фаъолу лаёқатманд вохӯрӣ гузарониданд. Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар медиҳад, дар он масъалаҳои сар задани нашъамандӣ, сироятшавӣ ба бемориҳои ВНМО, Гепатити С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, ҷалб намудани наврасон ба нашъамандӣ муҳокима гардиданд.
Дар фарҷом иштирокчиён ба саволҳои худ аз тарафи намояндагон посухи пурра ва муфид гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






