Пешниҳоди ҷои кор барои корҷӯён
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 21 майи соли 2014 дар ноҳияи Рашт ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Ярмарка дар назди бинои Қасри фарҳанги ноҳия дар доираи зиёда аз 220 ҷойи кори холӣ аз ҳисоби ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ доир мешавад.
Бино ба маълумоти агентӣ 22 май дар ноҳияи Ҳисор дар назди бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли ноҳия ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод дар доираи беш аз 1000 ҷойи кор баргузор мегардад. Дар ярмарка ба корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари ҷойҳои холӣ роҳхат барои касбомўзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ қабл аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ дода мешавад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар ярмаркаҳо иштирок намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






