Пешсафии варзишгарони Душанбе дар бозиҳои варзишӣ
Душанбе, 19.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тибқи натиҷаҳои бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар намуди гӯштини тарзи озод, баскетбол дастаи Душанбе бо гирифтани 8 медали тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ пешсаф мебошад.
Варзишгарони вилояти Хатлон бо гирифтани 3 медали нуқра, 5 биринҷӣ мақоми дуюмро касб мекунанд ва дастаҳои вилояти Суғду ВМКБ бо гирифтани 2 медали нуқра, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ мақоми сеюму чаҳорумро ишғол кардаанд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, то ҳол дар доираи бозиҳои варзишӣ аз рӯи 7 намуди дигар: гӯштини миллӣ, самбо, дзюдо, бокс, таэквондо (ВТФ) , баскетбол ва гӯштини тарзи озод рақобатҳо миёни варзишгарон ҷараён дошта, феълан варзишгарони дастаи Душанбе пешсаф мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






