Пирӯзии донишҷӯёни тоҷик дар озмуни муҳандисон

Май 12, 2014 11:15

Анқара, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарангиз  Раҳимова). – Дастаи  донишҷӯёни тоҷики  муҳассили  Туркия  дар мусобиқаи ҳарсолаи  байни  муҳандисони беҳтарини Туркия  мақоми  аввалро   касб намуданд. 
Дастаи  «Суғдиён»  иборат  аз  донишҷӯёни  тоҷики ихтисоси  гуногуни Донишгоҳи  техникии  Шарқи  Наздики  Туркия Азиз  Маҳмудов,  Ҳилолиддин  Ҷалолиддинзода, Саъдӣ  Сафаралиев  ва  Муҳаммад  Амиршоев  буд.
Озмуни  мазкур  ҳар  сол байни  донишкадаҳои беҳтарини олии  ҷаҳон  баргузор гардида, барои  иштирок дар  он  донишҷӯён —  муҳандисони беҳтарин  интихоб  мегарданд. Дар  ҳошияи  озмун ба иштирокдорони он аз рӯи  лоиҳаи  муҳандисӣ  супориш дода  мешавад, ки онҳо  бояд  дар  давоми  ду  рӯз  механизмҳои гуногунро насб намоянд.
Мувофиқи  суханони  иштироккунандаи  озмун,  донишҷӯи  факултаи  муҳандисии  электроника  Ҳилолиддин  Ҷалолиддинзода, дастаи  донишҷӯёни тоҷик дар  мусобиқоти  интихобӣ  байни  15  дастаи  донишкадаҳои олии  Туркия  мақоми  аввалро  касб  намуд. 

Май 12, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик