Поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Май 9, 2014 10:12

Душанбе, 9.05.2014. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 ҳазори онҳо фиристодагони Тоҷикистон буданд, гулчанбарҳо гузошта шуд.Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.Сипас гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва аз номи ҷавонони кишвар гузошта шуд.Маросими поси хотир бо гузашти низомии ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ хотима ёфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намояндагони насли наврасу ояндасози кишвар ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз надик суҳбат намуда, ба ин пирони барнодил арзи қадрдонӣ намуд.
 

Май 9, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад