Профессори Русия — доктори фахрии Академияи ВКД Тоҷикистон
Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти политсия кори худро аз болои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» идома медиҳад. Дар ин бора аз ВКД иттилоъ доданд.
26 май дар ҷамъомади навбатӣ 26 май роҳбари гурӯҳ оид ба ислоҳоти политсия — муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умаров, ходими хизматнишондодаи илм, ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Федератсияи Русия профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ , Юрий Аврутин ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
И. Умаров зикр намуд, ки ба гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти политсия имконияти зиёд муяссар шуд, ки аз таҷрибаи ғании кории Ю. Аврутин, ки саҳми худро дар таҳияи Қонуни Федератсия Русия «Дар бораи политсия» гузоштааст , истифода кунад.
Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи политсия» бо назардошти рушди ҷомеа бояд ҳамаҷониба омӯхта шавад. Ҳамчунин тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан ҳамкории онҳо бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар интиҳои ҷамъомад И. Умаров барои ҳамкории самаранок бо мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба профессор Ю. Аврутин унвони «Доктори фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон»-ро супурд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






