Профессори Русия — доктори фахрии Академияи ВКД Тоҷикистон

Май 29, 2014 09:50

 
Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти политсия кори худро аз болои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» идома медиҳад. Дар ин бора аз ВКД иттилоъ доданд. 
26 май дар ҷамъомади навбатӣ 26 май роҳбари гурӯҳ оид ба ислоҳоти политсия — муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умаров, ходими хизматнишондодаи илм, ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Федератсияи Русия профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ , Юрий  Аврутин ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ  иштирок намуданд.
И. Умаров зикр  намуд, ки ба гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти политсия имконияти зиёд муяссар шуд, ки аз таҷрибаи ғании кории Ю. Аврутин, ки саҳми худро дар таҳияи Қонуни Федератсия Русия «Дар бораи политсия» гузоштааст , истифода кунад.
Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи политсия» бо назардошти рушди ҷомеа бояд ҳамаҷониба омӯхта шавад. Ҳамчунин тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан ҳамкории онҳо бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар интиҳои ҷамъомад И. Умаров барои ҳамкории самаранок бо мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба профессор Ю. Аврутин унвони «Доктори фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон»-ро  супурд.
 
 

Май 29, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд