Рӯзҳои дарҳои кушодаи Лаҳистон дар Хатлон

Май 12, 2014 11:16

Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). – Бо  ибтикори  Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон ва Сафорати Лаҳистон  дар  ҶТ охири  хафтаи  гузашта дар  шаҳри  Қӯрғонтеппаи  вилояти  Хатлон  рӯзҳои  дарҳои  кушодаи  Лаҳистон  баргузор  гардиданд.  Мақсад  аз  ин  чорабинӣ  аз  имконоти иқтисодию  сармоягузории  Лаҳистон  муфассал воқиф  намудани   соҳибкорон ва   роҳандозии  равобит  бо ПСС вилояти  Хатлон  буд. 
Тавре  ки  аз  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  роҳбарони  бонкҳо  ва  корхонаҳои  вилояти  Хатлон  дар  ҷараёни  муколамаи   судманд  бо  роҳбари  шуъбаи   мусоидат бо тиҷорат  ва  сармоягузории Сафорати  Лаҳистон Славомир  Стшалковски  масоили  мушаххасро  ҷиҳати  барқарор  намудани  ҳамкории  дуҷониба  муҳокима  намуданд. 
Соҳаи  бонкӣ, сохтмон,  саноати  нассоҷӣ,  ҳамчунин  бунёди   корхонаҳои  муштараки  Тоҷикистону  Лаҳистон  аз ҷумлаи  самтҳои имконпазири  ҳамкории  муфиди  дуҷониба  дониста  шуданд.
«Имрӯз  дар  Тоҷикистон  барои  сармоягузории  хориҷӣ  шароити  мусоиду  имтиёзнок   фароҳам оварда, вақти он  расидааст, ки  бахши  инфиродии  Лаҳистон  ин  имкониятро  барои рушди  ҳамкории  минбаъдаи  Лаҳистону  Тоҷикистон пурра истифода  намояд», — зикр  намуд зимни  суханрониаш  муовини раиси  ПСС ҶТ  Асаналӣ  Карамалиев. 
Қобили  зикр  аст, ки   барои   ҷалби сармояҳои  хориҷӣ  ва  рушди  корхонаҳои  саноатии  кишвар  дар   вилояти  Хатлон  минтақаҳои озоди  иқтисодии  «Панҷ» ва  «Данғара»  фаъолият  доранд.

Май 12, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст