Рӯзҳои фарҳанги маънавии ФР дар ҶТ
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — Ба манзури рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории фарҳангии байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 26 то 29 май Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳайати Федератсияи Русия иборат аз ходимони намоёни фарҳангу санъати ин кишвар аст. Дар ҳошияи рӯзҳои фарҳанги маънавӣ дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд.
26 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии намоишгоҳи суратҳо таҳти унвони «Намунаҳои Русия» баргузор мегардад.
27 май дар Театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский намоишномаи «Беша» аз рӯи асари Александр Островский рӯи саҳна оварда мешавад.
Иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги маънавӣ аз НБО Норак дидор намуда, композитсияи мусиқиро бар шеъру сурудҳои солҳои ҷанг манзури ҳаводорони фарҳанги шаҳри Норак менамоянд.
29 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






