Р. Раҷабов: Моро зарур аст аз паи татбиқи нуктаҳои асосии Паём шавем
Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- “Барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бахусус мутобиқи талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ омода намудани мутахассисон зарур аст, ки минбаъд банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шавад”,- таъкид сохт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ.
Дар робита ба ин бо сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҷабов Раҷабалӣ Олмаҳмадович суҳбат намудем.
-Паёми имсола фарогири ҳама самтҳои асосии рушд ва дурнамои иқтисодиёти кишвар то соли 2020, ҳадафҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати давлат дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷумла, энергетика, нақлиёт, маориф, фарҳанг, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои мухталиф буда, ҳамзамон оид ба татбиқи онҳо муфассал баён гардид. Сарвари давлат аз маҷмўи корҳои дар давоми соли сипаригардида ба анҷомрасида, дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаб гузориши муфассал дода, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро барои иҷрои корҳои навбатӣ то соли 2020 вазифадор намуд.
Паёми имсола низ бештар бахши иҷтимоиро фарогир буд ва ин иқдоми арзанда бори дигар собит намуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар суханронии Савари Давлат ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати хосса дода шуд.
Соли 2014 дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Диққати вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ба масъалаи ташкил ва самаранокии ҷойҳои нави корӣ ҷалб карда шуд.
Ҷиҳати фарқкунандаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки Сарвари Давлат махсусан таваҷҷуҳи сокинони ҷумҳуриро ба масъалаи рушди соҳибкорӣ ҷалб карда, вобаста ба ин, пешниҳод гардид, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шуд.
Ин тадбирҳои ғамғорона ва дурбинонаи Сарвари Давлат ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.
Нуктаи хеле муҳими Паёми имсола таваҷҷуҳи бештари давлат ба таълими касбӣ, банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат (дохилию хориҷӣ) ва тибқи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ мондани тайёр кардани кадрҳои коргарӣ мебошад. Дар ин робита ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки доир ба тақвияти низоми ягонаи омўзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Тасмим гирифта шуд, ки дар давоми 7 соли оянда бояд як миллион нафар шаҳрвандони мамлакат аз курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.
Имрўзҳо Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои он қарор дорад. Роҳбарияти вазорат тасмим гирифтааст, ки барои фаҳмонда додани муҳтавои асосии он бо сокинони шаҳру деҳот вохӯриҳо доир намояд.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки агар ҳар сокини кишвар сарҷамъона ба хотири гулгулшукуфӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоламон бо дилу нияти нек ва содиқона имкониятҳоро истифода намуда, неруи кории худро барои амалисозии нуктаҳои асосии Паём равона намояд, мушкилоти ҷойдошта бартараф мегарданд ва зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд таъмин мегардад.
Аз ин рў, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар аз паи дар амал татбиқ гардидани нуктаҳои асосии Паём шавем.