Роҳбарияти ДТТ- қурбони садама
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -24 майи соли ҷорӣ тахминан соати 14:20-дақиқа ронандаи мошини тамғаи «ГАЗ-3102», рақами давлатиаш 26-24 В РТ шаҳрванд Бақоев Умед Шафкатович, соли таваллудаш 1990, ронандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба тарафи деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи «Варзоб» чаппа шудааст.Дар натиҷа мусофирони мошини мазкур Оев Абдулаҳад Мансурович, соли таваллудаш 1963, ноиби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович, соли таваллудаш 1961, декани донишгоҳи мазкур ва Сангинов Облоқул Камарович, соли таваллудаш 1955, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар дарёи «Варзоб» ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.Ронанда У . Бақоев ва мусофири дигараш шаҳрванди Федератсияи Русия, Кашуба Владимир Багданович, соли таваллудаш 1964, ноиби ректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Братск, истиқоматкунандаи вилояти Иркутск, аз дохили дарё сиҳату саломат баромаданд.Ҷасади шаҳрвандон А.М. Оев ва О.К. Сангинов аз дарё бароварда шуда, барои дарёфти ҷасади шаҳрванд А.А. Турсунов чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат идома дорад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






