Роҳхати Донишгоҳи М. Ломоносов ба ду толибилми тоҷик
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар олимпиадаи 48-уми байналмиллалии Менделеев аз фанни кимиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, 8 нафар хонандаи литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва гимназияи тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» иштирок карда, 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Олимпиадаи менделеевӣ аз фанни кимиё аз ду даври назариявӣ ва 1 давр аз корҳои амалӣ иборат буд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун Алишер Муродов бо 129 хол ва Руҳилло Қодиров бо 120 хол сазовори ҷойи сеюм, медали биринҷии олимпиада ва роҳхат ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






