Ронандаи аробачаи барқӣ ҳалок шуд
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-25 майи соли равон ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21014” Ҳайдаров Ҷонон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Бохтар, дар ҳудуди деҳаи Навкор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба сабқат баромада, ба аробачаи барқии сечархаи истеҳсоли Чин таҳти идораи ронанда Назаров Сабзаалӣ, сокини шаҳри Қурғонтеппа бархӯрд.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар натиҷа ронандаи аробача Назаров Сабзаалӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






