Саҳми ҷавонон дар татбиқи Паём
Кӯлоб, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).- Чанде пеш олимони Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ вохӯрданд.
Ҳадафи вохӯрӣ ҷалб намудани ҷавонон ба донишандӯзӣ дар соҳаи илм, ғанӣ гардонидани сафи олимон аз ҳисоби ҷавонон, аз наздик шинос шудан бо фаъолияти онҳо ва пурра таҳлил намуда, фаҳмондани Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва саҳми ҷавонон дар амалӣ гардидани Паём арзёбӣ гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ ректори Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб Абдулло Табаров ифтитоҳ намуд. Сипас олимони барҷастаи академия сухан гуфта, ба саволҳои донишҷӯён посух доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






