Садамаҳои нақлиётӣ дар Рӯзи Ғалаба
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). – 9 май дар кишвар ду садамаи нақлиётӣ рух дод.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, ронандаи автомобили тамғаи «Musso», сокини 35 – солаи шаҳри Истаравшан Иброҳим Аҳроров дар роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд – Чаноқ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонист ва мошини номбурда чаппа шуд.
Ронандаи зикршуда ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар маҳалли воқеа ҳалок гардида, мусофирони он Дӯстмуроди 7 — сола ва Дилмуроди 5 — сола ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Худи ҳамон рӯз ронандаи мошини «ВАЗ – 2107», Холмурод Хидирови 48 – сола — сокини ноҳияи Ҷилликӯл дар ҳолати мастӣ дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа — Қубодиён аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, мошинаш ба тавораи бетонӣ бархӯрд. Бар асари ин ҳодиса ронанда ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар маҳалли воқеа ҳалок гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






