Садамаи марговар дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Дилшод Одилов дирӯз дар пайи як садама дар километри 47-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат мерасад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафарбек Нурзод, роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ дод.
Тибқи хабари манбаъ, Дилшод Одилов соли 1970 таваллуд шуда, сокини ноҳияи Файзобод буда, аз соли 2012 инҷониб ба ҳайси мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод адои вазифа менамуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






