Сафари ҳайати Тоҷикистон ба музофоти Гансуи ҶМЧ
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Дирӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Муколамаи Ҳамкории Осиё оид ба эҳёи Роҳи Абрешим ба маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ¬шаҳри Ланҷоу сафар намуда, худи ҳамон рӯз бо муовини раиси Кумитаи Ҳизби Комунистии Чин дар музофоти Гансу Оуянг Ҷиянг ва роҳбарияти Ҳукумати Халқии музофоти мазкур мулоқот намуд.
Дар аснои мулоқот табодули назар доир ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Зин Пин доир ба бунёди навори иқтисодӣ дар Роҳи Абрешими таърихӣ сурат гирифт.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин ташаббус барои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва Чин, ки дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор доранд, аҳамияти фавқулода муҳим дорад.
Дар партави рушди ҳамшарикии стратегӣ миёни ду кишвар ҷониби чинӣ манфиатдории худро ба роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ миёни муассисаву ширкатҳои музофоти Гансу бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла неруи таҷдидшаванда, кашф ва истихроҷи маъдан, саноати нафту кимиё ва тарбияву табодули кадрҳо баён намуд.
Ҳамчунин роҳбарияти музофоти Гансу хоҳиши худро барои роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






