Сафари А. Қодирӣ ба водии Зарафшон
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хоҷагии халқ ва раванди корҳои бунёдкорӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент рафт.
Абдураҳмон Қодирӣ нахуст ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ин ноҳия шинос гардид. Сипас раиси вилоят бо ҷараёни корҳои таъмир ва барқарорсозии беморхонаи марказии ноҳия шинос шуда, зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастур дод.
Раиси вилоят ҳамчунин ба ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент рафта, аз коргоҳи бунёдшавандаи заршӯӣ дидан кард. Ин коргоҳ дар назди ҶДММ КМ «Зарафшон» бунёд гардида, он дорои иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






