Сайри мошинҳо ба истиқболи Рӯзи Ғалаба
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015» ба истиқболи 69-умини солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 7 майи соли 2014 сайри анъанавии мошинҳоро доир месозад. Тавре ки котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров иттилоъ дод, сайри мошинҳо соати 08:30 дақиқа аз назди бинои Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, то боғи Ғалабаи пойтахт, пояи муҷассамаи «Модар-Ватан»-и шаҳри Ваҳдат ва майдони «Сарбози номаълум»-и шаҳри Норак давом мекунад.Дар чорабинӣ афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардўст, наврасону ҷавонони синни мактабӣ ва кормандони масъули мақомоти давлатӣ иштирок намуда, дар ҷойҳои шарафи ҷангӣ, гулхани абадӣ ва маҷмааҳои ёдгориву поси хотир гулчанбар гузошта, дар боби сабақи таърихии ҷанг ва оқибатҳои он, инчунин таҳкими фазои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, шеърҳои ватандўстона қироат хоҳанд кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






