Санҷиши шӯроҳои ҳамоҳангсоз дар вилояти Хатлон
Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони ин агентӣ фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кўлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ёвон, Ҷомӣ, Вахш, Қумсангир, Панҷ ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Бо ин мақсад аз 24 апрел то 2-юми майи соли ҷорӣ фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсози шаҳру ноҳияҳои мазкур санҷида шуда, инчунин ҳолати таъминот ва дастрасии аҳолии минтақа бо маводи дорувории нашъадор ва психотропӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба масъулин кӯмаки амалӣ расонида шуд.
Дар нуқтаи гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён”-и ноҳияи Қумсангир баҳри пешгирии қочоқи прекурсорҳо семинари омӯзишӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиён тарзи истифодаи ҷомадони ташхисии фаврӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






