Санҷиши шӯроҳои ҳамоҳангсоз дар вилояти Хатлон

Май 5, 2014 09:56

Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони ин агентӣ фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кўлоб, Восеъ,  Ҳамадонӣ, Ёвон, Ҷомӣ, Вахш, Қумсангир, Панҷ ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Бо ин мақсад аз 24 апрел то 2-юми майи соли ҷорӣ фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсози шаҳру ноҳияҳои мазкур санҷида шуда, инчунин ҳолати таъминот ва дастрасии аҳолии минтақа бо маводи дорувории нашъадор ва  психотропӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба масъулин кӯмаки амалӣ расонида шуд.
Дар нуқтаи гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён”-и ноҳияи Қумсангир баҳри пешгирии қочоқи прекурсорҳо семинари омӯзишӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиён тарзи истифодаи ҷомадони ташхисии фаврӣ намоиш дода шуд.

Май 5, 2014 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш