Сарқонун шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол мебошад

Май 15, 2014 15:49

Душанбе, 15.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сарқонун  моҳияти  ҳокимияти  судӣ  ва мақсаду вазифаҳои  онро  муқаррар  намуда,  чунин  меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи  давлат  ва  аз  тарафи  судҳо  амалӣ  мегардад.  Ҳокимияти судӣ  ҳуқуқ,  озодии  инсону  шаҳрванд,  манфиати  давлат,  ташкилоту  муассисаҳо,  қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне, судяҳо ҳангоми ба амал баровардани  адолати  судӣ  мустақил  буда,  фаъолияти худро  аз  номи  давлат  амалӣ  менамоянд  ва  танҳо  ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мирзо Одинаев. 
Тавре ки мавсуф мегӯяд: «Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус баъди қабули Сарқонуни нав, ки имрӯзҳо аз он сана нуздаҳ сол сипарӣ мешавад, мардуми тоҷик  дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамоем ва ҳамеша кӯшиш дорад, ки барои зиндагии шоистаи худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созад.  Сарқонун шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Сарқонуни Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. 
Сарқонун муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама дар муқаррар намудани ҳудуди салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рў дар Сарқонун чунин омадааст:  «Ҳуқуқ  ва  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд бевосита  амалӣ  мешаванд.  Онҳо  мақсад,  мазмун  ва татбиқи  қонунҳо,  фаъолияти  ҳокимияти  қонунгузор,  иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян  мекунанд  ва  ба  воситаи  ҳокимияти  судӣ таъмин мегарданд».  Ҳамзамон  бо  ин,  Сарқонун  доираи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати  қонунӣ  маҳдуд  кардани  онҳоро  низ  пешбинӣ мекунад.  Бо  назардошти  ин  амри умумипазируфташуда  Сарқонуни  Тоҷикистон  чунин муқаррар мекунад: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон,  тартиботи  ҷамъиятӣ,  ҳимояи  сохти конститутсионӣ  ва  тамомияти  арзии  ҷумҳурӣ  раво дониста  мешавад». Ин  меъёри  конститутсионӣ  татбиқи амалии  худро  дар  фаъолияти  ҳаррўзаи  мақомоти  судӣ  пайдо  мекунад,  ки  тибқи  Сарқонун  ва  қонунҳои амалкунандаи  кишвар  маҳз  мақомоти  судӣ  дорои  ин ваколат аст.
Сарқонун  истиқлолияти  давлатро  ба  расмият дароварда,  роҳи  минбаъдаи  инкишофи  ҷомеаи  навинро муайян кард. Бояд зикр кард, ки соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ ҷомеаро ба  як  номуайянӣ  гирифтор  кард.  Маълум  набуд,  ки  мо кадом  роҳи  инкишофи  ҷомеа  ва  кадом  шакли  идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи қонуни асосӣ эъмори давлати  демократӣ,  ҳуқуқбунёд,  дунявӣ  ва  иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории  эътирофшуда  ва  мутамаддини  ҷаҳонӣ мебошад. Чунин интихоб ба ҳамроҳшавии мамлакат  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд»,- иброз дошт судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пайтахт Мирзо Одинаев.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 15, 2014 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд