Сарқонун шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол мебошад
Душанбе, 15.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сарқонун моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне, судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мирзо Одинаев.
Тавре ки мавсуф мегӯяд: «Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус баъди қабули Сарқонуни нав, ки имрӯзҳо аз он сана нуздаҳ сол сипарӣ мешавад, мардуми тоҷик дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамоем ва ҳамеша кӯшиш дорад, ки барои зиндагии шоистаи худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созад. Сарқонун шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Сарқонуни Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.
Сарқонун муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама дар муқаррар намудани ҳудуди салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рў дар Сарқонун чунин омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Ҳамзамон бо ин, Сарқонун доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад. Бо назардошти ин амри умумипазируфташуда Сарқонуни Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррўзаи мақомоти судӣ пайдо мекунад, ки тибқи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз мақомоти судӣ дорои ин ваколат аст.
Сарқонун истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Бояд зикр кард, ки соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ ҷомеаро ба як номуайянӣ гирифтор кард. Маълум набуд, ки мо кадом роҳи инкишофи ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи қонуни асосӣ эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад. Чунин интихоб ба ҳамроҳшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд»,- иброз дошт судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пайтахт Мирзо Одинаев.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






