“Сарқонуни сарнавиштсоз”- намоиши китобҳо
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи “Сарқонуни сарнавиштсоз” намоиши китобҳо баргузор гардид.
Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, дар толори намоиш китобҳои нависандагони тоҷик, аз қабили “Асри қонун”, “Конститутсия ва ташаккули ҳокимияти давлатӣ”, Ташаккули қонуни асосии Тоҷикистони муосир”, “Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Маҷлиси Олӣ (Парламент)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тафсири илмию оммавии Конститусия (Сарқонон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта қабл бахшида ба 69- солагии иди Ғалаба намоиши китобҳои нависандагони тоҷику рус оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






