Сардор Аёз Содиқ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Май 21, 2014 11:19

     Душанбе, 21.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-   Сардор Аёз Содиқ -раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ 26 майи соли равон озими Душанбе мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. 
        Раиси Парлумони Покистон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе  гулчанбар мегузорад  Интизор меравад, ки Сардор Аёз Содиқ зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими равобити ҳасанаи Душанбе ва Исломободро дар бахшҳои мухталиф матраҳ намояд. Ҳамзамон раиси Парлумони Покистон бо ҳамтоёни тоҷики худ- Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистонро баррасӣ хоҳад кард. Инчунин зимни сафари дурӯзаи расмии худ ба Тоҷикистон Сардор Аёз Содиқ бо роҳбарони як зумра мақомоти амниятии Тоҷикистон, аз ҷумла котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров,  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов вохӯрда, масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таҳдидҳои замони муосирро матраҳ хоҳад кард. 
          Ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахши обу энергетика дар меҳвари мулоқоти намояндаи баландпояи Покистон -Сардор Аёз Содиқ бо Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. 
       Раиси Парлумони Покистон ҳамзамон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз «Кохи Наврӯз», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии Душанбе ва Неругоҳи барқи обӣ ва баҳри Норак боздид менамояд. 

Май 21, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад