Сардор Аёз Содиқ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 21.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сардор Аёз Содиқ -раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ 26 майи соли равон озими Душанбе мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Раиси Парлумони Покистон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе гулчанбар мегузорад Интизор меравад, ки Сардор Аёз Содиқ зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими равобити ҳасанаи Душанбе ва Исломободро дар бахшҳои мухталиф матраҳ намояд. Ҳамзамон раиси Парлумони Покистон бо ҳамтоёни тоҷики худ- Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистонро баррасӣ хоҳад кард. Инчунин зимни сафари дурӯзаи расмии худ ба Тоҷикистон Сардор Аёз Содиқ бо роҳбарони як зумра мақомоти амниятии Тоҷикистон, аз ҷумла котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов вохӯрда, масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таҳдидҳои замони муосирро матраҳ хоҳад кард.
Ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахши обу энергетика дар меҳвари мулоқоти намояндаи баландпояи Покистон -Сардор Аёз Содиқ бо Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
Раиси Парлумони Покистон ҳамзамон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз «Кохи Наврӯз», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии Душанбе ва Неругоҳи барқи обӣ ва баҳри Норак боздид менамояд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






