Сарфи 28 % -и буҷа барои тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ

Май 2, 2014 09:30

 
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Маҷмӯи маҳсулоти  дохилии истеҳсолшуда дар  моҳҳои  январ то  моҳи  марти  соли  ҷорӣ  дар  ҷумҳурӣ аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ  7810,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 107 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молия дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 102,2 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд. 
Воридоти андозҳо 82 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил доданд. Дар ин давра хароҷоти буҷаи давлатӣ ба андозаи 79,9 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд.
Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 28 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт 15,4 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 24,4 фоизи ҷамъи маблағ сарф
шудааст.

 

Май 2, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик