Сарфи 28 % -и буҷа барои тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Маҷмӯи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ то моҳи марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ 7810,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 107 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молия дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 102,2 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд.
Воридоти андозҳо 82 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил доданд. Дар ин давра хароҷоти буҷаи давлатӣ ба андозаи 79,9 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд.
Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 28 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт 15,4 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 24,4 фоизи ҷамъи маблағ сарф
шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






