Саёҳат ба хона – музейи Мирзо Турсунзода
Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар арафаи рўзи мавлуди устоди назми муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода саёҳати муҳассилини Муассисаи давлатии «Литсей — интернати касбии махсуси маъюбон» ва Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба хона — музейи ин шоири ширинкалом сурат гирифт.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар доираи ин саёҳат ҳамчунин маҳфил-озмун таҳти унвони «Шеъри оламгири Турсунзода бошад ҷовидон» сурат гирифт ва ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравии кумита қадрдонӣ гардиданд.
Дар назар аст, ин иқдом дар оянда низ дар тамоми мавзеъҳои таърихиву осорхонаҳо ва хона — музейҳои арбобони шоистаи илму адаби тоҷик амалӣ шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст






