Саёҳат ба хона – музейи Мирзо Турсунзода

Май 3, 2014 10:05

Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз  дар арафаи   рўзи мавлуди устоди назми муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода саёҳати муҳассилини Муассисаи давлатии «Литсей — интернати касбии махсуси маъюбон» ва Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба хона — музейи ин шоири ширинкалом сурат гирифт. 
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар доираи ин саёҳат ҳамчунин маҳфил-озмун таҳти унвони «Шеъри оламгири Турсунзода бошад ҷовидон» сурат  гирифт ва   ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравии кумита қадрдонӣ гардиданд.  
  Дар назар аст, ин иқдом дар оянда низ дар тамоми мавзеъҳои таърихиву осорхонаҳо ва хона — музейҳои арбобони шоистаи илму адаби тоҷик амалӣ шавад.
 

Май 3, 2014 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш