Семинар барои маъмурони имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Семинари омӯзишӣ барои маъмурони имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд 26 май оғоз ёфт. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин семинари омӯзишӣ то 7 июн идома меёбад.
Семинари мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (Гимназияи №4, МТМУ №5), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (Гимназияи №1), шаҳри Истаравшан (Гимназияи №5) ва шаҳри Панҷакент (МТМУ №1) аз соати 8-00 то 16-00 идома меёбад.
Бояд гуфт, ки имсол ба марказҳои имтиҳонӣ аз вилоят беш аз 13 ҳазору 100 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супоридааст, ки 43 фоизи хатмкунандагони имсолаи мактабҳои Суғдро дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






