Ш.Назаров мансаби президенти клуби «Регар – ТадАЗ» — ро тарк кард

Май 20, 2014 11:02

Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар). —  Устоди  футболи  тоҷик,   Мураббии  шоистаи ИҶШС  Шариф  Назаров  мансаби президенти  клуби  футболи «Регар – ТадАЗ» — и  шаҳри  Турсунзодаро, ки  тайи  5  соли  охир  роҳбарии  онро ба  ӯҳда  дошт,  тарк  намуд. Дар  ин  бора Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  медиҳад.
Шариф  Назаров  23  феврали  соли  1946  таваллуд шудааст. Мураббии   шоистаи  ИҶШС  ва ҶШС Тоҷикистон, Ходими  шоистаи  тарбияи  ҷисмонии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад. 
Шариф  Назаров  ба  ҳайси  мураббӣ  мукофотҳои  зиёде гирифтааст. Соли  1988 дастаи «Помир» — и  шаҳри  Душанбе  бо  роҳбарии  ӯ  дар  мусобиқоти  лигаи  якуми  ИҶШС  соҳиби  медалҳои тилло  гардида, ба  лигаи олӣ  роҳхат  пайдо  намуд. Дастаи  мунтахаби  миллии  ҷумҳурӣ соли 2006 бо  роҳбарии Шариф  Назаров Ҷоми Конфедератсияи  футболи Осиёро ба  даст  овард. 

Май 20, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд