Ш. Салимзода: «Конститутсия бесарусомониҳои сиёсиро бартараф намуд»
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Дар конфронси илмӣ-амалие, ки бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ дар мавзӯи “Риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо” бо ибтикори Прокуратураи генералӣ дар Душанбе баргузор гардид, Прокурори генералии ҶТ Салимзода Шерхони Одина зикр намуд, ки:
-Истиқлолияти комил дар партави Конститутсияи бо тариқи демократӣ қабул гардида, ба рушди бемайлони ҳар як давлат, пеш аз ҳама ба таъмини вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амниятию иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Дар робита ба ин амр истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа поянда хоҳад буд, ки сохторҳои қудратии он нуфузи бештареро ба худ ихтисос дода, иҷрои вазифаҳои босалоҳият аз ҷониби ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонун ба роҳ монда шавад.
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Тоҷикистон дар шароити басо мушкил истиқлолияти худро нигоҳ дошта, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷадиди хешро қабул намуд.
Бо шарофати қабули Конститутсия кашмакашҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошта шуд.
Ин пеш аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории абармарди миллат Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо муроҷиатномаҳои пайдарпаи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаст.
Маҳз бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву пойдории он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳодааст, симои Сарвари Давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муарифӣ кардааст.
Бо мақсади риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар раванди тафтишоти пешакӣ ва пешгирӣ намудани шиканҷа бо истифода бурдани усулҳои ғайри мақбули тафтишот ва бо инобати маърузаву музокираҳои баён гардида, қобили баҳрабардорӣ қарор додани пешниҳодҳои зеринро амри воқеӣ дар таҷрибаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад:
1.Дар ибтидо бояд малака ва маҳорати касбии кормандони фаврию тафтишотӣ дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо ва ҷамъоварию баҳодиҳии далелҳо баланд бардошта шавад;
2.Ба мақсади риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ зарур аст сатҳи одоби касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маънавиёт ва ахлоқи кормандони фаврию тафтишотӣ ва прокурорӣ сайқалу комил гардонида шавад;
3.Дар машғулиятҳои бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва суд барномаҳои махсус роҷеъ ба омӯзиши ҳуқуқи инсон ҷорӣ карда шавад, ки дар доираи ин дарсҳо мушкилоти мавҷуда дар самти роҳҳои қонунии ҷамъоварии далелҳо мавриди таълиму тадрис қарор дода шаванд;
4.Муқаррар карда шавад, ки дар протоколҳои дастгиркунии гумонбару айбдоршаванда, вақти дастгир намудани онҳо, на лаҳзаи тартиб додани протокол, балки мувофиқи қарори пленуми Суди олӣ лаҳзаи воқеан дастгир кардан, ки бо ин сабаб шахс аз ҳуқуқи озодона рафту омад намудан маҳрум шудааст, сабт карда шавад. Ин ҳолат мувофиқи қарори пленуми Суди олӣ характери ҳатмӣ-меъёриро гирифтааст;
5.Бо мақсади поймол нагардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар марҳилаи баамалбарории адолати судӣ, муҳлати баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба категорияҳои он дақиқан муайян карда шавад;
6.Ҳар як корманди фаврӣ, таҳқиқкунанда, муфаттиш, прокурор ва судя принципҳои баҳодиҳии далелҳоро бояд қатъиян риоя намоянд.
Яъне, ҳар як далел бояд аз нигоҳи мансубият, имконпазирӣ, саҳеҳ будан (боэътимод будан) ва ҳамаи далелҳои ҷамъоваришуда дар маҷмӯъ аз ҷиҳати кифоя будан барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо дода шавад. Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ далелҳоро аз нуқтаи назари кифоя будан барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс баҳо диҳанд. Набояд, ки ягон далел қаблан дорои қувваи муайянкунандаро дошта бошад.
Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, эътибори ҳуқуқӣ надошта, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд, зеро таҳқиқу тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисона дар раванди тафтишоти пешакӣ барои ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳукми одилона замина мегузорад.
Таъмини воқеии ҳуқуқи гумонбаршуда ва айбдоршаванда барои ҳимоя, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқи фитрӣ ва конститутсионии онҳо буда, баҳри сазовор шудан ба боварии аҳли ҷомеа, алалхусус наздикону хешовандони ин ашхос, пешгирӣ кардани поймол шудани ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.
7.Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя танҳо талаботи Конститутсия ва қонунҳо, инчунин шуури ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, ба далелҳо холисона, озодона ва мустақилона аз рӯи ҳиссиёти ботинии худ бояд баҳо диҳанд.
Яъне, дар баҳодиҳии далелҳо пойбанди ақидаи ягон иштирокчии дигари мурофиа, ки бо далелҳо асос наёфтаанд, гузашта аз ин, ягон шахси дигар, ки дар мурофиа иштирок надорад, набояд бошанд. Хуллас, баҳодиҳӣ бояд холисона ва озодона бошад.
Албатта, ин аз баҳодиҳии далелҳо дар ҷараёни исботкунӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар зери мафҳуми баҳодиҳии далелҳо дар ҷараёни исботкунӣ ҷараёни мантиқӣ, фикрӣ ва ақлонии муайянкунандаи нақш ва аҳамияти далелҳои ҷамъовардашуда дар муқаррар кардани ҳолати воқеӣ фаҳмида мешавад. Олими бузурги ҳуқуқшинос И. Бентам гуфтааст: «Санъати мурофиаи судӣ чизи дигаре нест, чун санъати истифодаи далелҳо». Олими дигар Макс Нордау гуфтааст: «Ҳатто аз ҳама далели боэътимод (боварибахш) бояд босаброна санҷида шавад».