«Шабе дар осорхона-шаби санъат»
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -18 майи соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ОМТ) чорабинии фарҳангии «Шабе дар осорхона-шаби санъат» баргузор мегардад.
Тибқи барнома дар доираи чорабинӣ муаррифии коллексияи ба (ОМТ) эҳдонамудаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, экскурсияҳои мавзӯӣ, давраҳои омӯзишии мусиқӣ, намоиши театрии «Истгоҳ», мастер-классҳои театрии «6 дарси аввалини маҳорати ҳунармандӣ», намоиши филмҳои «Гурӯҳи Шамс дар Боми ҷаҳон» ва «Бизнеси мусиқии Тоҷикистон», давраҳои омӯзишии рассомӣ, касбу ҳунар, дарсҳо дар бораи таърихи касбу ҳунари тоҷик «Ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ», «Ҳунармандии имрӯзаи Осиёи Марказӣ», намоишгоҳи фурӯши маҳсули ҳунармандӣ, озмунҳо аз фанни таърих бо иштироки тамошобинон, майдони шеърхонӣ ва намоиши муд аз коллексияи Ҳусейн Ҳайдаров «Тумор» ва Маърифат Давлатова «Сиёҳу сафед» баргузор мегардад.
Даромад ба ОМТ аз соати 10.00 то 23.00 сурат мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






