Шароити мусоид барои муҳокимаи масоили соҳибкорӣ

Май 28, 2014 10:43

Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – Бо ибтикори Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва бо ҳамкории ширкатҳои консалтингии ҶТ аз 27 то 29 май дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи консалтинг (машварати ҳуқуқӣ) дар Тоҷикистон – 2014» баргузор мегардад.Ҷаласаҳои кушодаи иттилоотӣ аз рӯи самтҳои маркетинги стратегӣ, вебсайт чун олати судманд барои афзоиши фурӯши маҳсулот, идораи кадрҳо ва автоматикунонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаю қаҳвахонаҳо намояндагони бахши соҳибкориро бо масоили мавриди таваҷҷуҳашон шинос мекунанд. Дар ҷараёни рӯзи аввали семинарҳо стратегияи ширкатҳо бо овардани мисолҳо аз таҷрибаи истеҳсолкунандагони маҳсулот ва хидматрасонии соҳибкорони маҳаллӣ муҳокима шуданд. Директори бахши рушди соҳибкории маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» ва лектори семинари мазкур Парвиз Исоқов зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо ду сол боз роҳандозӣ мешаванд, ки мақсад аз онҳо пайдо намудани тасаввуроти зарурӣ дар бораи хидматрасонии консалтингӣ мебошад. «Бартарияти асосии ин чорабинӣ иборат аз мубоҳисаи ошкоро буда, мо кӯшиш менамоем, ки барои муҳокимаи масоили мубрами соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам орем», — қайд намуд Парвиз Исоқов.20 — 22 май дар шаҳри Хуҷанд низ чунин семинарҳо доир гардиданд.

Май 28, 2014 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд