Шиносоии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши “Тахти Наврӯз”
Душанбе, 05.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овардааст, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз дар рӯ ба рӯйи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва шафати кули ҷавонон қомат рост намуда, ба ин мавзеи сайру тамошои пойтахт ҳусни тоза зам намудааст.
Чунонки аён гардид, бинои сеошёнаи Тахти Наврӯз мутобиқ бо анъанаҳои бисёрҳазорсолаи меъморӣ ва ороиши миллии тоҷикӣ ва ҳам бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ бунёд меёбад.
Тибқи нақша, ин маркази беҳамтои фарҳангӣ то моҳи сентябри соли равон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Шиносоӣ бо табиати зебою дилфиреби дараи Варзоб, ки минтақаи истироҳату сайёҳӣ эълон гардидааст, боиси болидахотирии меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






