Сипари боэътимоди марз

Май 26, 2014 12:04

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-Амнияти ҳар халқу миллат  аз ҳимояи марзу буми он вобаста аст. Аз ин рӯ дар ҳама давру замон ба ҳифзи сарҳадот таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегашт.
 Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ таъсиси неруҳои марзбонӣ ба миён омад. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар нахустин қадамҳои   ташкили Қӯшунҳои сарҳадӣ гузошта шуд ва минбаъд дар мамлакат қувваҳои  сарҳадии тобеъ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфтанд.
        Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таъмини зиндагии хурраму осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми  беназир мегузоранд. Ҳамин аст, ки   давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтарсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва шароити хизматчиёни  ҳарбӣ ҳамасола тадбиҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд. 
Мавриди тазаккур аст, ки дар радифи дигар ҷузъу томҳои низомӣ қӯшунҳои сарҳадӣ низ дар қаламрави мамлакат солҳои соҳибистиқлолӣ қариб, ки аз сирф оғоз карда шуд, зеро неруҳои марзбонии давлати парокандашудаи СССР баъди пошхӯрии он танҳо ба манфиати  Федератсияи Русия чун вориси асосии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият менамуданду халос.  Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарур омада буд, ки неруҳои сарҳадии худро дар ҷои холӣ эҳё намояд. Хушбахтона, ба ҳама душвориҳои солҳои аввал нигоҳ накарда, афсарону аскарони ин ниҳоди муҳим аз иҷрои вазифаи бар дӯш доштаи худ мебароянду хоҳанд баромад, зеро барои иҷрои  вазифаи муқаддас- ҳимояи марзу буми Ватан  ҳар кадом сарҳадбони бо нангу ори тоҷик омодааст синаи худро сипар созад.
Далерию мардонагӣ матонату диловарии онҳо далели гуфтаҳои болоянд. 
Ҷойгиршавии Тоҷикистон андар паҳлӯи Афғонистон барин кишваре, ки солҳои тӯлонӣ мавзеи ҷангу хунрезӣ, фаъолияяти гурӯҳҳои зиёди тахриботию экстремистӣ ва аз ҳама асос кишвари истеҳсолкунандаи маводи нашъаовари ҳероин аст, водор месозад, ки сарҳадоти кишвари мо дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ монад. Ин дар ҳолест, ки қариб тамоми сарҳади байни ин ду давлат дар минтақаҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ мушкилгузар мақом дорад. Бо вуҷуди ҳама мушкилот имрӯз сарҳадбонони диловари тоҷик ба оламиён, бахусус ба онҳое, ки зимни аз ин минтақа берун рафтани сарҳадбонони Федератсияи Русия ҳифзи онро ғайриимкон медонистанд, исбот карда тавонистанд, ки аскарону афсарони тоҷик аз уҳдаи ҳифозати марзи худ бо сарбаландӣ баромада метавонанд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 143,1 ҳазор км кв дар Осиёи Марказӣ воқеъ гарифтаву миқдори сарҳадии он дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1030км  кв,   дар ғарб ва шимол бо Ӯзбекистон 910км кв,      бо Қирғизистон 630км, дар шарқ бо Чин 430 км марзи муштарак дорад,  ки аз нисф зиёди нуқтаҳои сарҳадӣ дар мавзеъҳои душворӣ кӯҳӣ ҷойгузинанд. Ва пӯшида ҳам нест, ки дар солҳои салтанати Шӯравӣ ҳам имкони назорати кулли нуқоти сарҳади давлатии СССР бо Афғонистон ғайриимкон дониста мешуд, имрӯз сарҳадбонои тоҷик ин кори намешудагиро бо матонату далерӣ ва мардонагии ирсӣ иҷрошуданӣ карданд. 
Сиёсати раҳнамунсози Сафармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи афсарону аскарон, муҷаҳхаз гардонидани ҷузъу томҳои сарҳадӣ бо техникаву таҷҳизот самараи нек ба бор оварда, дар айни замон саводи касбии афсарон ва маҳорату чолокии аскарон дар пояи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ қарор дошта, мошинолоту таҷҳизоти муосир дар ихтиёри онҳо гузошта шдаанд.
Мо аминем, ки сарҳади кишвари маҳбуби мо барои душманону нафароне, ки оромии ҷомеаи навини кишварро халалдор сохтанӣ мешаванд, мудом баста боқӣ монда, насли имрӯзу фардои тоҷик ҳифзи марзу буми Ватанро муқаддастарин вазифаи худ медонад. 
 
 
 
 
 

Май 26, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст