Сипоси шаҳрдорӣ ба «Хуршеди тобон» ва «Хоҷаи Шом»
Душанбе, 6.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе барои сокинони ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ки бар асари заминларзаи соли 2013 бесарпаноҳ монда буданд, 10 хона сохта ба истифода дод. Хонаҳои мазкур, ки якошёна ва замонавиянд, аз ҷониби 10 ширкати хонасози пойтахт бунёд гардидаанд. Ҳар хона аз чор ҳуҷра бо масоҳати умумии 110 метри мураббаъ сохта шуда, арзиши ҳар якеашон 216 ҳазор сомонист. Дар маҷмӯъ, барои сохтмони 10 хона 2 миллиону 160 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба роҳбарони ширкатҳои хонасоз -ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Сохтмони махсус», «Хонасоз-4», «Ниёз», «Строител ЛТД», «Бунёдкор Шодӣ», « ЖБК-1», «Мостоотряд», «Сарикиштӣ», «Хуршеди тобон» ва «Хоҷаи Шом» арзи сипос баён намуд.
Бар асари зилзилаи рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2013, ки дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат рух дод, 104 хона пурра вайрон, 259 хона қисман хароб гардида, даҳҳо оила бесарпаноҳ монданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






