Суғд: 1 миллион сомонӣ барои таъмири Маркази дилшиносӣ

Май 27, 2014 16:21

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Барои таъмири Маркази дилшиносии вилоят аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Ба иттилои сардухтури Маркази дилшиносии вилоят Ҳабибулло Муҳиддинов дар айни замон корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар ин бемористон идома доранд.
Интизор меравад, ки корҳои барқарорсозӣ то охири соли ҷорӣ ба анҷом расанд. Ин бинои дуошёнаи таъмиршаванда дорои 45 кат хоҳад буд.
 

Май 27, 2014 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш