Суғд: Баррасии мавзӯи “Озодии ВАО дар Тоҷикистон”
Хуҷанд, 5.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-«Озодии ВАО дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо»- чунин буд мавзӯи мизи мудавваре, ки субҳи имрӯз дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси АМВАОМТ ва Шӯрои ВАО дар ҳамдастӣ бо дафтари САҲА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар якчанд мавзӯъ, аз ҷумла «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти чопӣ ва дигар ВАО: имкониятҳо ва масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот», «Дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқӣ ва мушкилоти ҳимояи ҳуқуқҳои ВАО ва рӯзноманигорон дар вилояти Суғд», «Масъалаи риояи меъёрҳои журналистӣ дар фаъолияти ВАО», «Омилҳое, ки ба рушди озодии ВАО дар вилояти Суғд халал мерасонанд» баррасӣ шуданд.
Баъдан миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳо рӯзноманигорон ба ёди ҳамқаламони фавтида ва шаҳиди худ лаҳзае сукут намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






