Суғд: Хонандагон дар олимпиадаи Франкфурт иштирок мекунанд
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Аз 16 то 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони олмонӣ гузаронида шуд. Дар он 16 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар олимпиада вилояти Суғдро 8 нафар хонанда аз мактабҳои хусусии ба номи В. Гётеи шаҳри Хуҷанд, «Сафина»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мактаби миёнаи № 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагӣ намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада 2 нафар — хонандаи синфи 10-и гимназияи «Сафина» — Муъминҷон Урунов ва хонандаи синфи 8-и гимназияи ба номи В.Гёте — Хуршед Набиев сазовори ҷойи аввал дониста шуданд.
Онҳо барои иштирок дар олимпиадаи байналхалқӣ дар шаҳри Франкфурти давлати Олмон, ки моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ҳамчун туҳфа ба онҳо чиптаи ҳавопаймо ва роҳхат барои истироҳат дар давлати Олмон аз тарафи ташкилкунандагони олимпиада ройгон дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






