Суғд: Нахустин олимпиада миёни хонандагони синфи 10

Май 27, 2014 14:23

Хуҷанд, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд бори аввал олимпиадаи вилоятӣ дар байни хонандагони синфи 10  баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, мақсад аз гузаронидани он- ин пеш аз ҳама дарёфти хонандагони воқеан ҳам болаёқат аз байни мактабҳои вилоят ба ҳисоб меравад. 
Дар олимпиадаи вилоятӣ  403 нафар хонандаи синфҳои 10-ум аз рӯи 16 фани таълимӣ ва 45 нафар хонандаи синфҳои 11 аз рӯи фанҳои забонҳои арабӣ, олмонӣ ва ӯзбекӣ бо истифода аз технологияҳои муосири таълим, амсоли тахтаҳои электронӣ, проекторҳо  дониши худро санҷиданд.
Дар интиҳо бо гирифтани 21 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол намуданд. Зинаҳои минбаъдаро мактабиёни шаҳри Исфара бо гирифтани 19 ҷой ва Хуҷанду ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гирифтани 12 ҷой касб намуданд.
 

Май 27, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст