Суғд: Нахустин олимпиада миёни хонандагони синфи 10
Хуҷанд, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд бори аввал олимпиадаи вилоятӣ дар байни хонандагони синфи 10 баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, мақсад аз гузаронидани он- ин пеш аз ҳама дарёфти хонандагони воқеан ҳам болаёқат аз байни мактабҳои вилоят ба ҳисоб меравад.
Дар олимпиадаи вилоятӣ 403 нафар хонандаи синфҳои 10-ум аз рӯи 16 фани таълимӣ ва 45 нафар хонандаи синфҳои 11 аз рӯи фанҳои забонҳои арабӣ, олмонӣ ва ӯзбекӣ бо истифода аз технологияҳои муосири таълим, амсоли тахтаҳои электронӣ, проекторҳо дониши худро санҷиданд.
Дар интиҳо бо гирифтани 21 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол намуданд. Зинаҳои минбаъдаро мактабиёни шаҳри Исфара бо гирифтани 19 ҷой ва Хуҷанду ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гирифтани 12 ҷой касб намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






