Суғд: намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ

Май 29, 2014 09:11

       Хуҷанд, 29.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- 31 маи соли ҷорӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баргузории намоиш — фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар назар аст. Тавре ки аз маркази матбуоти ҳокимияти  вилоят иттилоъ доданд,  чорабинии мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят , Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  доир мегардад. 
Дар ин рӯз дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба маррази сокинон ва меҳмонони вилоят, инчунин харидорон  молу маҳсулоти ҳунарҳои миллие, ки дар марказҳои таълимӣ — истеҳсолии ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳо истеҳсол гардидаанд, гузошта мешавад. 
Бояд ёдрас гашт, ки шурӯъ аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ, дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Зиннат” маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдўзию зардўзии “Шероз”таъсис дода шудааст. 
Дар сайқалдиҳӣ ва омӯзиш, аз ҷумла қолинбофӣ вобаста ба супориши раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон се мутахассиси зан даъват шудааст. Дар айни ҳол дар ин марказ наздик ба 400 нафар ба фаъолият машғул аст ва баҳри омӯзиш зиёда аз ҳазор нафар номнавис шудааст. 

Май 29, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик