Суғд: намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ
Хуҷанд, 29.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- 31 маи соли ҷорӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баргузории намоиш — фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар назар аст. Тавре ки аз маркази матбуоти ҳокимияти вилоят иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят , Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир мегардад.
Дар ин рӯз дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба маррази сокинон ва меҳмонони вилоят, инчунин харидорон молу маҳсулоти ҳунарҳои миллие, ки дар марказҳои таълимӣ — истеҳсолии ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳо истеҳсол гардидаанд, гузошта мешавад.
Бояд ёдрас гашт, ки шурӯъ аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ, дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Зиннат” маркази таълимӣ ва истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдўзию зардўзии “Шероз”таъсис дода шудааст.
Дар сайқалдиҳӣ ва омӯзиш, аз ҷумла қолинбофӣ вобаста ба супориши раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон се мутахассиси зан даъват шудааст. Дар айни ҳол дар ин марказ наздик ба 400 нафар ба фаъолият машғул аст ва баҳри омӯзиш зиёда аз ҳазор нафар номнавис шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






