Суғд: силсиламаҳфилҳои бузургдошти Ҷомӣ
Душанбе,06.05.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар факултаҳои мухталифи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилачорабиниҳои илмию тарбиявӣ бахшида ба 600- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ шуруъ гардиданд. Нахуст бо ибтикори шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Раёсати донишгоҳ дар факултаи филология маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ» бо иштироки муҳассилини бахши ғоибонаи факулаи мазкур баргузор гардид.Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дар оғози маҳфил филм дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиш дода шуд, ки фарогири рӯзгор ва осори пурбаҳои ин шоири тавонои миллат буд. Дар маҳфил зикр гардид, ки Мавлоно Ҷомӣ аз суханваронест, ки фаъолияти зеҳнияш ба густариши сухани бадеӣ маҳдуд нашудааст, мавсуф дар илмҳои замонаш пешсаф буда, таълифот доир ба сарфу наҳв, қофия, муаммо, мусиқӣ, тасвир, нуҷум ва ғайраро ба қалам оварда, дар инкишофи илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақшу мақоми арзандаро соҳиб гардидааст. Дар маҳфил донишҷӯён пораҳоро аз асарҳои оламшумули шоир, аз ҷумла «Туҳфатулаброр», «Сабҳатулаброр», «Хирадномаи Искандарӣ», Лайливу Маҷнун», ки саропо панду насиҳат буда, мардумро ба ахлоки нек, хайру саховат ва хизмати халқ раҳнамоӣ менамоянд, қироат намуданд.Саҳнаи ҷолиб аз мулоқоти Абдураҳмони Ҷомӣ бо Қозизодаи Сиистонӣ, ки намунаи ибрат аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хоксорӣ, меҳмоннавозӣ, инсонпарвариро фаро мегирифт ва муҳимтар аз ҳама, аз тарафи духтарон нақшҳо бо маҳорати баланд офарида шуданд.Дар чорабинӣ ҳикояҳои пандомез аз «Баҳористон» бо ғазалҳои Ҷомӣ қироат гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






