Суғд: Таъмири дубораи мактаби садамавӣ

Май 30, 2014 10:33

Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Бо иштироки  раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Спитамен пас аз таъмир дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мактаб солҳои 90-уми қарни гузашта ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бинои мазкур бо 113 ҳазор доллар маблағгузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гаштааст. Корҳои сохтмонӣ бо сифати хуб анҷом ёфтаанд. 
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаби мазкур бо зиёда аз 400 адад мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, 10 адад компютер  ва дигар ашёву лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳангоми боздид аз синфхонаҳо раиси вилоят ба донишандӯзии толибилмон мароқ зоҳир намуда, аз сатҳи пасти забондонии онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Роҳбари вилоят толибилмонро ба забономӯзӣ, аз ҷумла омӯзиши забони давлатӣ ҳидоят намуд. 

Май 30, 2014 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад