Суғд: Таъмири дубораи мактаби садамавӣ
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Спитамен пас аз таъмир дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мактаб солҳои 90-уми қарни гузашта ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бинои мазкур бо 113 ҳазор доллар маблағгузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гаштааст. Корҳои сохтмонӣ бо сифати хуб анҷом ёфтаанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаби мазкур бо зиёда аз 400 адад мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, 10 адад компютер ва дигар ашёву лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳангоми боздид аз синфхонаҳо раиси вилоят ба донишандӯзии толибилмон мароқ зоҳир намуда, аз сатҳи пасти забондонии онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Роҳбари вилоят толибилмонро ба забономӯзӣ, аз ҷумла омӯзиши забони давлатӣ ҳидоят намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






