Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти ИМА
Душанбе, 23.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- 21 майи соли 2014 дар Қасри Сафед маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба Президенти ИМА Барак Обама барпо гардид.
Пас аз маросим, суҳбати кӯтоҳ бо Президенти ИМА анҷом дода шуд. Зимни мусоҳиба паём ва таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ИМА Барак Обама расонида шуд.
Зимни мулоқот Президенти ИМА ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нақши назаррас дар пайгирӣ ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавӣ, барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии Афғонистон изҳори сипос намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






